Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ гуфт, тасмими вай дар бораи ба истеъфо фиристодани ду генерали баландпоя ба нафъи кишвараш аст.

Ин изҳороти Мурсӣ ҳамзамон бо эълоне садо дод, ки вай фармондеҳи нируҳои мусаллаҳ маршал Муҳаммад Ҳусейн Тантовӣ ва раиси ситоди артиш Самӣ Аннонро аз мақомашон барканор кард.

Тантовӣ дар мақоми раиси Шӯрои Олии нерӯҳои мусаллаҳи Миср то пирӯзии Мурсӣ дар интихоботи президентӣ амалан раҳбари давлати Миср буд ва тарафдорони Мурсӣ ӯро айбдор мекарданд, ки ба тағйирот дар кишвар мухолифат мекунад. Қадами нави Мурсиро таҳлилгарон идомаи ислоҳоте меноманд, ки ӯ шурӯъ кардааст

Муҳаммад Ҳусейн Тантовӣ касе буд, ки пас аз барканории раисиҷумҳури дерсолаи Миср Ҳуснӣ Муборак бо фишори тазоҳуркунандагони майдони Таҳрири Қоҳира ба шахси аввали Миср табдил ёфт. Бо рафтани Муборак ва қарори Додгоҳи олии Миср Шӯрои Олии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ҷои ҳукумати Муборакро гирифт ва Тантовӣ ҳамчун сарвари нерӯҳои мусаллаҳ ва раиси ин шӯро амалан ба иҷрои вазифаҳои раисиҷумҳур шурӯъ кард.

Чандин тасмими Тантовӣ дар ҷараёни интихоботи порлумонӣ ва дертар президентӣ, аз ҷумла қатъи фаъолияти порлумоне, ки дар он тарафдорони “Ихвон-ал-муслимин” аксариятро ташкил медоданд, сабаби намоишҳои эътирозӣ, даргириҳои бо полис ва ҳалокати даҳҳо нафар гардид.

Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури нави Миср, ки номзади “Ихвон-ал-муслимин” аст, акнун раванди посух ба ҳарбиёнро оғоз кардааст ва мегӯяд, бе ин ҳеҷ гуна ислоҳотеро дар кишвар ҷорӣ карда наметавонад. Аввалин қадами ӯ бекор кардани фармони Шӯрои Олии нерӯҳои мусаллаҳ дар бораи манъи кори порлумон буд. Бо пешниҳоди ҳарбиён Додгоҳи олии Миср низ фаъолияти порлумонро мамнӯъ хонда буд. Инак, қадами нави ӯ – аз қудрат дур кардани Тантовӣ ва шарики наздики ӯ – Самӣ Анон.

Сайид Абдулазим, яке аз ҷонибдорони Мурсӣ ақидаи худро дар бораи ин қадамҳои Мурсӣ ин гуна изҳор дошт: “Ин аз ҷониби президенти ғаюр Муҳаммад Мурсӣ тасмими бузург аст, ки эъломияи Қонунии Асосиро ботил кард, зеро он президентро аз иҷрои баъзе корҳо нигоҳ медошт. Мо аз ин тасмим ҷонибдорӣ мекунем. Мо бо тамоми нерӯ аз доктор Мурсӣ ҳимоят мекунем”.

Президент Муҳаммад Мурсӣ ҳар ду мақоми олирутбаи низомиро мушовири низомии худ таъйин кард.

Моҳо Аъзам, коршиноси умури Ховари Миёна дар Пажӯҳишгоҳи Чатҳам Лондон мегӯяд, барканории ду фармондеҳи олӣ қадами ҷиддиест зидди нақши ҳарбиёни Миср дар умури сиёсӣ, ки дер ё зуд бояд гузошта мешуд. Ба ақидаи вай, ҳарбиён ҳам шоҳиди он шуданд, Тантовӣ дигар дар умури кишвар таъсири зиёд надорад ва биноан аз барканории ӯ хамшгин нахоҳанд шуд. Вале оё ҳизбу гурӯҳҳои гуногуни Миср, ки дар гузашта ҳарбиёнро як сипаре дар муқобили исломгароии тундрав мешумурданд, чӣ вокунише хоҳанд дошт?

Доктор Аъзам мегӯяд: "Ин иқдоми раисиҷумҳур онҳоро дар дуроҳа қарор медиҳад. Зеро нерӯҳои дунявӣ ва сиёсӣ низ мехостанд, ки Тантовӣ ва шӯрои ҳарбӣ аз сари роҳи Миср ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ дур шаванд. Аз ин лиҳоз иқдоми раисиҷумҳур ба манфиати онҳост, аммо аз сӯи дигар онҳо аз афзоиши қудрати Мурсӣ ва таҳкими нуфузи ӯ дар ҷомеа зимни ин амалҳо низ нигарон хоҳанд буд.”

Ба ақидаи доктор Аъзам, қадами баъдии президенти Миср дар ислоҳи вазъ ба низоми додгоҳӣ рабт хоҳад дошт. Аммо дар ин бахш ӯ нахоҳад тавонист, роҳи осони барканории додрасҳои Додгоҳи Олии Мисрро дар пеш гирад.

Таҳлилгарони дигар низ мегӯянд, Мурсӣ дар коҳиш додани нуфузи додгоҳи олӣ ё иваз намудани додрасҳои аҳди Ҳуснӣ Муборак бояд аз маҳорат ва эҳтиёт кор гирад, то сабаби вожгунии адлия ҳамчун шохаи қудрат нагардад. Аммо бозистода низ наметавонад, зеро дар ин ришта чеҳраҳои зиёде будаанду ҳастанд, ки дар сиёсат нақши бориз доранд ва додгоҳ дар аҳди Муборак як ниҳоди комилан сиёсӣ буда, хидмати раҳбарро ба ҷо меовард. Аз сӯи дигар, коршиносон, додгоҳ ва порлумонро ду повазне медонанд, ки бояд ҳокимияти раёсатҷумҳуриро дар тавозун нигоҳ дорад ва аз зиёдаравиҳо ҳифз кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG