Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Оқсо аллакай 11 ҷасад пайдо кардаанд


Теъдоди кушташудагон дар дараи Оқсои вилояти Алмаато дасти кам 11 нафар аст.

Дар ин бора раиси полиси ҷиноии Қазоқистон Урмон Оразалиев хабар дод. Аз ин пештар дар бораи ошкор шудани ҳашт ҷасад дар боғи миллии Иле-Алатау иттилоъ расида буд.

Ба гуфтаи Оразалиев, гумонбарон дар содир кардани ин ҷиноят алҳол боздошт нашудаанд.

Мақомоти полиси Қазоқистон хабар доданд, ки ҳафт ҷасади аввал рӯзи 13 август ошкор шуд. Ду ҷасад дар хонаи ҷангалбон дарёфт гардид, ки дар онҳо зарби корду лату мушоҳида мешуд. Ду ҷасади сӯхташударо дар хонаи ҷангалбони дигар ёфтанд ва се ҷасади дигар дар наздикиҳои маҳалли зисти ҷангалбонҳо пайдо шуд.

Ба эҳтимоли қавӣ яке аз кушташудаҳо худи ҷангалбон ва муборизи зидди шикорчиёни ғайриқонунӣ Захаропуло аст. Ходимони пулис ҳамчунин мошини писари ӯро, ки ба писараш кӯмак мекард, ошкор намуданд.
XS
SM
MD
LG