Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вардак мушовири аршади Карзай таъин шуд


Абдул Раҳими Вардак
Абдул Раҳими Вардак
Раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай собиқ вазири дифоъи кишвар Абдул Раҳими Вардакро мушовири аршад дар умури ислоҳоти артиш таъин кард.

Оғои Вардак чанде пеш бо талаби парлумони кишвар курсии вазириро аз даст дод. 4 август парлумони Афғонистон ба Абдул Раҳим Вардак, вазири дифоъ ва Бисмуллохон Муҳаммадӣ, вазири умури дохилии Афғонистон, дар заминаи бетаваҷҷуҳӣ ба масоли амният, махсусан мушакпартоӣ аз қаламрави Покистон, изҳори нобоварӣ кард.
XS
SM
MD
LG