Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Оқсо боз як ҷасад ошкор шуд


Дар дараи Оқсои вилояти Алмаато боз як ҷасади дигар ошкор шуд ва шумори умумии мурдаҳоро ба ҳашт нафар баробар кард. Дар ин бора вазири корҳои дохилии қазоқистон Қулмуҳаммад Қосимов гузориш додааст.

Вазири умури дохилӣ гуфтааст, тафтиши мавзеъ ва корҳои марбут ба тиби қонунӣ ҷараён доранд. Ҳафт ҷасади аввал 13 август ошкор шуданд. Ду ҷасад дар ҷангалбон дарёфт гардид, ки дар онҳо зарби корду лату мушоҳида мешуд. Ду ҷасади сӯхташударо дар хонаи ҷангалбони дигар ёфтанд ва се ҷасади дигар дар наздикиҳои маҳалли зисти ҷангалбонҳо пайдо шуд.

Ба эҳтимоли қавӣ яке аз кушташудаҳо худи ҷангалбон ва муборизи зидди шикорчиёни ғайриқонунӣ Захаропуло аст. Ходимони пулис ҳамчунин мошини писари ӯро ошкор карданд, ки ба падараш кӯмак мекард.
XS
SM
MD
LG