Пайвандҳои дастрасӣ

Нозири даргоҳи Попи Рум дар дуздӣ муттаҳам мешавад


Паоло Габриелло, собиқ нозири даргоҳи Попи Рум, Бенидикти 16 ба дуздии маводи сиррӣ дар бораи фасодкорӣ дар Калисои Католикии Рум муттаҳам шудааст.

Габриэлло моҳи май, дар ҳоле боздошт шуд, ки асноди сирриро дар манзили зисти ӯ пайдо карданд. Баъди боздошти ӯ Ватикан ба пажуҳиши ин қазия амр кард. Паоло Габриелле ба бозҷӯёни қазия гуфтааст, мехост фасодро решакан кунад, зеро ба гуфти ӯ, Попи Рум дар ин бора иттилоъи кофӣ надорад.

Дар сурати собит шудани гуноҳ нозири даргоҳи Бенидикти 16 ба муддати 6 сол зиндонӣ хоҳад шуд. Бар пояи қавонини Ватинкан, Попи Рум метавонад пажуҳиши қазияро манъ ва шахси муттаҳамро афв кунад.
XS
SM
MD
LG