Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Азия-Плюс" рӯи домени нав пайдо шуд


Зебо Тоҷибоева, мудири иҷроияи Оҷонсии иттилооти "Азия-Плюс" ба радиои Озодӣ гуфт, рӯи домени нав, яъне asia-plus.tj сомонаи мазкур фаъол шудаст. Аммо ба қавли хонум Тоҷибоева, ворид шудан аз тариқи домени нав ҳам, на дар ҳама ҷо имконпазир аст.

Ин дар ҳолест, ки масъулони "Азия-Плюс" барои баҳси додгоҳӣ бо Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз созмонҳои хабарнигорӣ кӯмак хостаанд. Зебо Тоҷибоева, мудири иҷроияи Оҷонси иттилоотии "Азия-Плюс" мегӯяд, Анҷумани васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) омодааст, барои таҳияи аснод ва мадорики лозим ба онҳо дар баҳс бо Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар додгоҳ кӯмак намояд.
XS
SM
MD
LG