Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳарчанд ба саволи мо посухҳои зиёди хонандагон расид, вале дар ин озмун касе ғолиб ва соҳиби ҷоизаи аввал нашуд.

Радиои Озодӣ бахшида ба Олимпиадаи Лондон-2012 барои ҳаводорони варзиш озмун эълон карда буд. Ба ширкаткунандагони озмун се савол пешниҳод шуда буд:

1.Кадом кишвар дар ҳисоби умумидастаӣ ғолиби Олимпиадаи Лондон мегардад ва чанд медали тилло мегирад?

2.Ду дастаеро номбар кунед, ки дар сабқати футбол (мардон) аз рӯи барномаи Олимпиадаи Лондон ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд ва натиҷаашро пешгӯӣ намоед.

3.Кадоме аз варзишгарони Тоҷикистон дар Олимпиадаи Лондон соҳиби медалҳо (тилло, нуқра, биринҷӣ) мешаванд?


Ба ин озмун хонандагони торнамои Радиои Озодӣ ҷавобҳои худро тавассути почтаи электронӣ фиристодаанд. Мутаассифона, ягон нафар ба се савол комилан посухҳои саҳеҳ надодааст.

Танҳо як нафар - Маҳмуди Абдуллоҳ, аз шаҳри Душанбе, ба ҳарсе савол қисман ҷавобҳои дуруст додааст. Ӯ пешгӯӣ намудааст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳисоби умумидастаӣ ғолиби Олимпиадаи Лондон мегардад, вале дар шумораи медалҳои тилло иштибоҳ кардааст. ИМА на 36 медали тилло, мувофиқи пешгӯии Абдуллоҳ, балки 46 медали тилло ба даст овард.

Ба саволи дуюм низ ҷаноби Абдуллоҳ дуруст пешгӯӣ кардааст, ки дар сабқати футбол (мардон) аз рӯи барномаи Олимпиадаи Лондон мунтахаби Бразилия ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбад ва бо ҳисоби 1:2 шикаст мехӯрад. Вале ӯ дар пешгӯии рақиби бразилиҳо хато кардааст. Дар бозии ниҳоӣ Бразилия на аз Уругвай, балки аз Мексика мағлуб шудааст.

Дар посух ба саволи сеюм Маҳмуди Абдуллоҳ муштзани тоҷик Мавзуна Чориеваро ҳамчун барандаи медали нуқра ном бурдааст, вале ӯ соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Ниёзов М.С. аз Душанбе айнан ҷавобҳои Маҳмуди Абдуллоҳро нусхабардорӣ карда фиристодааст. Абдуллоҳ аввалин шуда, рӯзи 12-уми июл, соати 16:57 ба озмун ҷавобҳои худро ирсол кардааст, вале Ниёзов бошад, рӯзи 17-уми июл соати 15:20.

Чаҳор нафар аз Душанбе - Суҳайл Носиров, Сафар, Самир ва Сарафроз бошанд, ҳар кадом ба ду савол қисман ҷавобҳои дуруст додаанд.
Ба ин тартиб дар Озмуни Радиои Озодӣ касе ғолиб ва соҳиби ҷоизаи аввал – тренажёри варзишӣ нашуд. Ҷойи дувумро Маҳмуди Абдуллоҳ мушарраф гашт ва бо тахтаи шоҳмот сарфароз мегардад. Суҳайл Носиров барои ҷойи севум бо тӯби футбол мукофотонида мешавад.

Ниёзов М.С., Самир, Сафар, Сарафроз ва Муҳаммадаюби Абдуназар (ҳама аз Душанбе), Абдуҳалим (аз Панҷакент) ва Умедҷон (аз Турсунзода) бо тӯҳфаҳои хотиравӣ - футболкаҳо бо рамзи Радиои Озодӣ сарфароз мешаванд.

Аз ҳамаи онҳое, ки дар ин озмун ширкат карданд, сипосгузорем.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG