Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шакари Покистон коми тоҷиконро "ширин" мекунад


Бинои Шӯрои вазирони Покистон дар шаҳри Исломобод. Акс аз бойгонӣ
Бинои Шӯрои вазирони Покистон дар шаҳри Исломобод. Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Покистон қасд дорад, ба Тоҷикистон 30 ҳазор тонна шакар ва бо нархи арзонтар аз бозори ҷаҳонӣ содир намояд.

Ин тасмими Исломобод ба дунболи номаи нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ба ҳамтои покистонияш рӯи даст гирифта шудааст, ки дар он аз омодагии Душанбе барои харидани 30 ҳазор тонна шакар ва бар асоси як созишномаи давлатӣ сухан меравад.

Расонаҳои покистонӣ менависанд, бо ин вуҷуд ки Покистон сар аз соли 2009-ум содироти шакар аз ин кишвар ба берунро манъ кардааст, аммо Кумитаи ҳамкориҳои иқтисодии кабинаи вазирони Покистон дар як нишасти худ дар таърихи 7-уми август, ин пешниҳоди Тоҷикистонро пазируфтааст.

"PakTribune" дар шумораи рӯзи 11-уми августи худ менависад, ҳамакунун шакари Покистон ба қимати $597.90 доллар барои ҳар як тонна вориди Тоҷикистон мешавад, ки назар ба қиматҳо дар бозори ҷаҳонӣ дар ҳоли кунунӣ, 20 доллари амрикоӣ арзонтар аст. Ҳоло дар бозори ҷаҳонӣ қимати як тонна шакар ба $ 617.90 баробар мебошад.

Ин дар ҳолест, ки дар як соли ахир қимати шакар дар бозорҳои Тоҷикистон ҳамоно рӯ ба афзоиш аст. Ба гуфтаи мақомоти давлатӣ, агар як далели болоравии қимати шакар дар Тоҷикистон афзоиши қимати ин мавод дар бозори ҷаҳонӣ бошад, далели дигар болоравии қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон аст.

Вале ба гуфтаи коршиносон, далели севум монополияи бозор аз сӯи ширкатҳои воридкунанда аст, ки дар мақомоти давлатӣ пуштибон доранд.
XS
SM
MD
LG