Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФФТ беҳтаринҳои моҳи июлро эълон кард


Шодибек Ғаффоров, ҳамлагари дастаи «Энергетик»-и Душанбе ва тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) беҳтарин бозигар, Тоҳир Мӯъминов, собиқ сармураббии дастаи «Хайр»-и Ваҳдат, ки феълан сармураббии дастаи «Энергетик» мебошад, беҳтарин мураббӣ ва Раҳмон Муртазоев, аз шаҳри Душанбе, беҳтарин довар эътироф шуданд.

Беҳтаринҳои моҳи июл бо мукофоти пулии Федератсияи футболи Тоҷикистон – ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ сарфароз мешаванд.
XS
SM
MD
LG