Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як тирандозии хунин ва ин бор дар Техас


Пулиси Амрико гуфт, бар асари тиркушоии як мард дар аёлати Техас як афсар кушта шуд. Дар ин даргирӣ дар манзиле дар наздикии хобгоҳи Донишгоҳи Техас худи тирандоз ва як марди 65-сола ҳам ба ҳалокат расида, як зан ва 3 афсари дигари интизомӣ ҷароҳат бардоштаанд. Тирандозӣ дар Техас дар идомаи мавҷи тирандозиҳоест, ки Амрикоро фаро гирифтааст. Дар моҳи июл тирандозӣ дар як кинотеатри пуртамошобин дар аёлати Колорадо 12 кушта ва ҳудуди 60 захмӣ ба ҷо гузошт. Ҳамин тавр, рӯзи 5 август як марди мусаллаҳ дар маъбади сикҳҳо дар Висконсин 6 нафарро кушт.
XS
SM
MD
LG