Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вардак баъди истеъфо мушовири Карзай шуд


Абдулраҳим Вардак
Абдулраҳим Вардак
Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай вазири собиқи дифоъ Абдулраҳим Вардакро мушовири аршади худ дар умури ислоҳот ва рушди артишу таслиҳот таъйин кард. Вардак ва вазири дохила Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ рӯзи 4 август аз сӯи парлумон ба далели нокомиҳои амниятӣ, бахусус дар қиболи мушакандозиҳои Покистон, салби салоҳият шуданд. Истеъфои ин ду вазири калидӣ дар рӯзҳоест, ки нирӯҳои эътилоф масъулиятҳои амниятиро ба нирӯҳои афғон таҳвил мекунанд.
XS
SM
MD
LG