Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон дар садади оғози амалиёт дар Вазиристон


Вазири дифоъи Амрико гуфт, низомиҳои Покистон аз қасдашон барои оғози “базудӣ”-и амалиёти низомӣ дар манотиқи қабиланишини бо Афғонистон ҳаммарзи Вазиристони шимолӣ аломат медиҳанд. Леон Панетта ба Associated Press гуфт, фармондеҳи артиши Покистон генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ дар бораи ин амалиёт дар тамоси охиринаш бо фармондеҳи нирӯҳои Амрико дар Афғонистон Ҷон Аллен сӯҳбат кардааст. Панетта гуфт, ҳадафи асосии амалиёт Таҳрики Толибони Покистон хоҳад буд. Амрико аз беамалии Исломобод дар амри таъқиби ҷангиёне, ки аз хоки Покистон барои таҳияи ҳамалот дар дохили Афғонистон истифода мекунанд, изҳори нороҳатӣ мекард.
XS
SM
MD
LG