Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъсиси пулиси вижаи зидди муҳоҷират дар Маскав


Дар бахши ҷустуҷӯи ҷиноии пулиси Маскав воҳиди вижаи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ таъсис ёфт. Ба гуфтаи мақомот, таъқиби муҳоҷирони ғайриқонуниро дар Маскав ҳамчунон хадамоти муҳоҷират идома хоҳад дод ва ин воҳиди ҷадид рӯи таъқиби афроде тамаркуз хоҳад кард, ки ба овардани муҳоҷирон аз кишварҳои хориҷӣ машғуланд. Танҳо дар пойтахти Русия, ба гуфтаи мақомоташ, то 2 миллион хориҷӣ кору зиндагӣ мекунад ва ин дар ҳолест, ки шаҳрдории Маскав расман барои ҳамагӣ 150 000 муҳоҷири хориҷӣ квота ҷудо кардааст.
XS
SM
MD
LG