Пайвандҳои дастрасӣ

Айёмбеков ҳанӯз дар манзилаш будааст


Толиб Айёмбеков

Толиб Айёмбеков

Дилбар Мукоиршоева, ҳамсари Толиб Айёмбеков ба “Регнум” гуфтааст, ки ӯ дар манзилаш таҳти муроқибати табибон қарор дорад ва ҳар рӯз ба бозпурсӣ рафта, бармегардад. Ин дар ҳолест, ки мақомот гуфта буданд, ки Айёмбеков баъди таслим шуданаш дар бемористон ва таҳти назорати ОМОН қарор дорад. Толиб Айёмбеков, яке аз 4 фармондеҳи гурӯҳҳои саркаши Бадахшон шоми 12 август тавассути телевизиони вилоят эълон кард, ки худро довталабона таслим мекунад ва умедвори баррасии мунсифонаи қазияаш мебошад. Мақомот Айёмбековро ба даст доштан дар қатли раҳбари идораи амнияти Бадахшон Абдуллоҳ Назаров айбдор мекунанд. Талаби супурдани гумонбарони ин ҷиноят далели амалиёти низомии рӯзи 24 июл дар Хоруғ шуд, ки зери 70 кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG