Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Мард бояд ҳокими зан бошад"?


"-Ман, мутаассифона, ноком шудам, асноду шаҷараи мо замони исёни Муқаннаъ нобуд шуда будааст..".

"Нокомӣ"

Ду донишманд бо ҳам сӯҳбат мекунанд:
-Ман таҳқиқи шаҷараи худро анҷом додам ва решаи авлоди худро то замони Аҳмади Дониш муқаррар намудам. Ту чӣ?
-Ман, мутаассифона, ноком шудам, асноду шаҷараи мо замони исёни Муқаннаъ нобуд шуда будааст...

Варзиши беҳтарин

-Бокс – беҳтарин ва сердаромадтарин навъи варзиш аст!
-Шумо-чӣ, ако, боксёри машҳуред?
-Не, додар, ман духтури дандонам...

"Мард бояд ҳокими зан бошад"?

Муаллифи китоби “Мард бояд ҳокими зан бошад!” ба муаррифии китобаш наомад – занаш гуфт, ки аз хона ба берун пой монад, пояшро зада мешиканад!...

Коҳиш

Толори филармония. Баранда рӯи саҳна омада эълон мекунад:
-Симфонияи шашуми Шостакович...
Марде аз қатори ақиб:
-Дидӣ, барои рангубори ту шуда аз панҷ симфония қафо мондем...
XS
SM
MD
LG