Пайвандҳои дастрасӣ

...Омад ба сарам аз он чӣ метарсидам... Командир гуфт, ки “хуб хизмат кардӣ, буродар, раҳмат! Акнун ҳуҷҷатҳоятро тайёр кун, ба нафақа меравӣ!”

Гӯё чанд сатил яхоба болои сарам рехтанд. Ҳамкорҳо, ки солҳо ҳамроҳ кор кардем, сӯям бо раҳм менигаранд, ҷавонтарҳо, маълум ки хурсанданд – хайрият, мегӯянд дар дилашон, то нафақаи мо ҳоло вақт зиёд аст...

Ман нозири роҳ, дар БДА кор мекунам, яъне дар Бозрасии Давлатии Автомобилӣ, ҳа, ҳамон ГАИ-и пештара. Шояд шумо ҳам маро шиносед, ман капитан Малахов, ҳатман ягон рӯз ба қапи ман афтода, ба халосгар зор шудаед...

Дар бораи ман кадом маҳмадоное як латифа ҳам бароварда буд, латифае, ки гӯё ман касал будани гови як шофира маълум карда бошам... Ба ёдатон омад? Рости гап, ин воқеа чанд сол пеш дигархелтар рӯй дода буд. Дар пости Чимтеппа як мошина манъ кардам, шофираш аз бозор гов харида будааст. Гуфтам, ки, додар, ин гов касал аст, баъди як ҳафта ҷон мета... Шофир розӣ нашуд: “Э, нее, ака, гова бин, фарбеҳ, солим, топ-тоза”. Майлаш, гуфтам ба ӯ, ҳозир барои гова дар мошин бор кардан ҷаримаат намекунам ва агар говат аз як ҳафта зиёд зинда монд, як сол аз ҷарима озод, метавонӣ дар ҳамин роҳ мошинат катӣ парвоз карда гузарӣ... Лекин агар говат мурд, нисфи пулеро, ки барои гов додаӣ, оварда бо ду дасти адаб дар кафи ман мегузорӣ...Хурсанд шуду рафт. Баъди як ҳафта омад ва гуфт, ки “акаи гаи, ту эстрасенс будаӣ, гов дар ҳақиқат касал шуд ва агар камтар дер мекардем, ҳаром мешуд”... Ва нисфи пули говро ба дастам дод. Бечора аз куҷо медонист, ки ман пеш аз БДА бист сол дар як ноҳияи дур подабон будам...

Дар пуштам маро бисёр ғайбат мекунанд. Мегӯянд, ки аз Малахов бемалах халос шудан мисли дар лоторея мошин буридан аст. Боз мегӯянд, ки ман аз мошини як соат пеш аз завод баромадагӣ ҳам ягон нуқсу иллат ёфта метавонам... Инаш туппа-туғрӣ, ба шарте, ки мошин урусӣ бошад... Ба қарибӣ як мошини наппа-наваш манъ кардам, паси рул як мардаки галстукдори айнакӣ. Ҳуҷҷатҳояш сад фойиз дуруст... Дидам, ки дар салони мошинаш як кучук. Лаб кушоданӣ будам, ки даррав ҳуҷҷатҳои кӯчукро ба ман дароз кард. Аммо ба фикрам, намедонист, ки аз дасти Малахов ҳатто фаришта ҳам халосӣ надорад... Пурсидам, ки чаро кучукатро бо тасмаи бехатарӣ набастаӣ? Худое накарда сахт тормоз диҳиву ин саги бечора афтода гарданаш шиканад, кӣ ҷавоб медиҳад? Пушкин? Бечора айнакӣ лол монд ва ноилоҷ бист сомонӣ дар кафам гузошт...

Ҳа, фаромӯш кардам гӯям, ки ҳамин ҳарфҳои БДА-ро аз ҳама аввал ман шарҳ додам. Ҳамон рӯзи аввали БДА шуданамон як ронандаи хира ҳайрон ба нишони сари синаам нигоҳ карда пурсид, ки ака, боз ин БДА-аш чӣ аст? Гуфтам, ки БДА – яъне,“Бидеҳ Доляи Аката”! .. Ҳа, сар ҷунбонд шофир, дар шумо ҳам порагириро қонунӣ карданд-а...

Ана, баъди ин қадар хизмат ба халқу ватан ... “ҳуҷҷатҳоятро тайёр кун, ба нафақа меравӣ!” Ҳамин қадар фикр мекунам, намефаҳмам, ки чӣ гуноҳ ё чӣ хато кардам, ки раис пушташро ба ман тофтааст. То ҳамин рӯзҳои ахир ҳаққаша оварда дар дасташ медодам... Ё аз он хафа шудааст, ки дар тӯи духтараш фақат як қолини эронӣ овардаму халос...

Эҳ, аққалан ду солаки дигар дар БДА мемондам, болои хонаи сеошёнаамро мепӯшондам ва писарамро хонадор мекардам.. баъд, паноҳам ба Худо, ба нафақа ҳам мерафтам мешуд... Раис гуфт, ки парво накун, бо тантана гуселат мекунем, аз номи худи вазир тӯҳфа тайёр кардаанд, шояд ҳатто ягон медал ҳам супоранд. Аммо, ин медала ман дар сарам мезанам? Кошки ҳамон чӯбдастаи сеҳрноки худам ва як нишони “кирпич” ё “ҳаракати мошин манъ аст”-ро бароям тӯҳфа мекарданд, Ё аққалан бароям ба иҷора медоданд... Фақат барои ду солаки дигар...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG