Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизҳо ва тоҷикон дар марз 4 маркази ҳамкорӣ боз мекунанд


Бино ба хабари хабаргузориҳои Қирғизистон, дар имтидоди марзи ин кишвар бо Тоҷикистон 4 дафтар ё маркази ҳамкориҳои марзӣ боз мешавад. Ҳадафи ин марказҳо мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аст. Ин марказҳо дар 4 посгоҳи байнимарзӣ боз хоҳанд шуд.

Ин марказҳо барои ҷамъоварии маълумот ва табодули он ҳамкорӣ мекунанд. Барои ин марказҳо дар оянда таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ мешаванд ва кормандони он давраҳои махсуси омӯзиширо фаро мегиранд. Сафири Ҷопон дар Қирғизистон гуфтааст, барои ин кор ҳукумати кишвараш 1 миллиону 270 ҳазор доллар ҷудо кардааст.
XS
SM
MD
LG