Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавоби зиддунақиз дар бораи музокирот бо Бародар


Мақомоти расмии Афғонистон ба хабаре дар бораи музокироти ду моҳ пеши ҳайати афғонӣ бо Мулло Абдулғанӣ Бародар -фармондеҳи Толибони Афғонистон дар Покистон посухи зиддунақиз додаанд.

Муҳаммад Исмоил Қосимёр-узви ҳайати Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон ба хабаргузории Франс Пресс гузоришҳоро дар бораи чунин музокирот таъйид кардааст.
Аммо Зардушт Шамс-сухангӯи сафорати Афғонистон дар Исломобод ба бахши “Машъал”-и радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ гуна музокира баргузор нашудааст.

Бародар муҳимтарин шахси боздоштшудаи Толибон ва шахси наздик ба Мулло Муҳаммад Умар-раҳбари Толибон ба шумор меравад ва ҳоло дар яке аз зиндонҳои Покистон ба сар мебарад.

Муҳаммад Исмоил Қосимёр-узви Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон пештар гуфт, мулоқоти ду моҳи пеш дар зиндоне дар Покистон бо Мулло Абдулғанӣ Бародар ба музокироти сулҳ иртибот доштааст.

Боздошти вай дар соли 2010 ба раванди музокироти сулҳ асари манфӣ гузошта буд. Қосимёр мегӯяд, ҳоло Кобул аз Исломобод хостааст, ки Мулло Абдулғанӣ Бародарро аз зиндон раҳо кунад, зеро вай хостори музокироти сулҳ аст.
XS
SM
MD
LG