Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ҳоҷиён" дар Ваҳдат ба коми оташ рафт


Мағозаи "Ҳоҷиён" дар ноҳияи Ваҳдат. 13-уми августи соли 2012

Мағозаи "Ҳоҷиён" дар ноҳияи Ваҳдат. 13-уми августи соли 2012

Мағозаҳои мавсум ба «Ҳоҷиён» дар шафати бозори марказии ноҳияи Ваҳдат дар биступанҷ километраи шарқи Душанбе субҳи имрӯз ба коми оташ рафтааст.

Шаҳодат, як тан аз фурӯшандаҳои яке аз ин мағозаҳо гуфт, оташсӯзӣ дар панҷ фурӯшгоҳи шафати бозор ба ҳангоми саҳархӯрӣ, тахминан соатҳои чаҳори бомдод рух додааст. Ин манбаъ афзуд, ки мағозаҳои яклухтфурӯшӣ ба як нафар тааллуқ доранд, вале онҳо ин дӯконҳоро ба иҷора гирифтаанд.

Дар ин мағозаҳо либос ва маводи ғизоиву асбоби рӯзгор, аз ҷумла яхдону бодбезҳои барқӣ (кондисионер)-ҳо ба савдо гузошта шуда буданд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, сабаби зуд аланга гирифтани оташ дар мағозаҳо ҳам мавҷудияти ҳамин яхдон ва кондисионерҳост, ки дар таркиби худ равғани махсус доранд.

Як тани дигар аз ин фурӯшандаҳо бо исми Юнус гуфт, ки ҳоло як моҳ нагузаштааст, ки онҳо ин дӯконро ба иҷора гирифта ва ҳудуди 200 ҳазор сомонӣ молу коло дар он захира карда буданд.

Бо ин ҳол ба гуфтаи ин манобеъ мошини оташнишонӣ ба маҳалли ҳодиса расидааст, аммо аз онки об надоштааст, чизе аз дасташ барнаомадааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таҳқиқи иллати сӯхтор падохта ва бо ҳар яке аз фурӯшанда ва соҳибони дӯконҳо дар алоҳидагӣ сӯҳбат кардаанд.

Ин дуввумин ҳодисаи сӯхтори бозорҳои Тоҷикистон дар се рӯзи ахир мебошад. Субҳи рӯзи якшанбе дар бозори «Варзоб», воқеъ дар маҳаллаи «Водонасос» - и Душанбе сӯхтор ба амал омад. Ба гуфтаи масъулони ин бозор, ҳудуди 20 нуқтаи савдо воқеъ дар бинои маркази тиҷоратии бозор ба коми оташ рафтаанд.



Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG