Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толиб Айёмбеков худро ба мақомот таслим кард


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Толиб Айёмбеков-раҳбари яке аз гурӯҳҳои худсар, ки дар куштори генерал Абдулло Назаров муттаҳам дониста мешавад, худро ба ҳукумат таслим кардааст. Шоми рӯзи якшанбе қабл аз он, ки вай рӯзи дигар худро ба мақомот таслим кунад, аз тариқи телевизиони маҳаллӣ гуфт, ки вай мехоҳад бо бародараш ва баъзе ҷонибдоронаш ба хотири сулҳ дар минтақа худро ба мақомот таслим кунад:

“Тарафдори оромӣ ва осоиштагии вилоят ва тамоми ҷумҳурӣ ҳастам. Инак худам ва бародаронамро ба мақомот ҳозир намуда, тайёр ҳастам дар назди қонун ва тафтишот ҷавоб гӯям”.

Айёмбеков мегӯяд, ки мехоҳад дар мурофиаи одилона ва озод бегуноҳии худро собит созад.

Мақомот мегӯянд, ки ҳоло Айёмбеков дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Хоруғ муолиҷа мегирад.
XS
SM
MD
LG