Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷумани "АМПАРО" ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст


Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон «АМПАРО», ки созмони иҷтимоист, бо нашри баёния аз фишор ва дахолати намояндагони бархе аз сохторҳои давлатӣ ба фаъолияти ин созмон ба шиддат изҳори нигаронӣ кардааст. Дар баёнияе, ки ин Анҷуман гуфта мешавад, ки дар роҳи иҷрои барномаҳои маърифатии онҳо барои ҷавонон аз сӯи намояндагони мақомот монеа эҷод шуда ва фаъолияти «Ампаро» бидуни кадом зарурат аз ҷониби ниҳодҳои гуногун мавриди бозрасӣ қарор мегирад.

Дилрабо Самадова-роҳбари Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» рӯзи душанбеи 13 август ба радиои «Озодӣ» гуфт, асноди пешниҳодии онҳо ҷиҳати сабти номи такрорӣ ва табдили мақоми ин созмон ба як созмони ҷумҳуриявӣ аз тарафи Раёсати адлияи вилояти Суғд рад ва баракс ин ниҳод бо аризаи шикоятӣ аз додгоҳи шаҳри Хуҷанд хостааст, ки фаъолияти «Ампаро»-ро қатъ намояд.

Анҷумани мазкур бештар аз 20 ҳуқуқшиносро даври ҳам оварда ва яке дигар аз аҳдофаш роҳандозии хидмати алтенативии сарбозӣ дар Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG