Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 2 нафари дигар дар робита бо қатли Сафаров


Холмӯъмин Сафаров
Холмӯъмин Сафаров
Дар робита бо куштори Холмӯъмин Сафаров-мудири сарраёсати хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва шавҳари хоҳари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ду нафари дигар дастгир шудаанд.

Як манбаи огоҳ аз ҷараёни расидагӣ ба ин парванда гуфт, бародарон Тоҳир ва Фозил Ҳакимов ба иттиҳоми даст доштан дар ин куштор боздошт шуда ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қарор доранд.

Манбаи огоҳ афзуд, ки ҳангоми кофтукови манзили зисти Тоҳир Ҳакимов, ки гуфта мешавад домоди Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад-раиси комиссияи тафтишотии ҲНИТ мебошад, тири силоҳи оташфишон ошкор шудааст.

Тоҳир Ҳакимов то замони боздошташ бо тиҷорат машғул буда, вале то се соли пеш дар кони тиллои Шугнов фаъолият мекардааст.
XS
SM
MD
LG