Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот бо фармондеҳи боздоштшудаи Толибон мулоқот карданд


Як узви Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон гузоришҳои муқаддамотирро таъйид кард, ки мақомоти расмии ҳукумат бо Мулло Абдулғанӣ Бародар-фармондеҳи боздоштшудаи боломақоми пешини Толибон музокироти маҳрамона пеш мебарад. Ин иқдом барои музокироти сулҳи Афғонистон умеди тоза медиҳад.

Муҳаммад Исмоил Қосимёр-узви Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон гуфт, мулоқоти ду моҳи пеш дар зиндоне дар Покистон ба музокироти сулҳ иртибот доштааст.

Боздошти вай дар соли 2010 ба раванди музокироти сулҳ асари манфӣ гузошта буд. Қосимёр мегӯяд, ҳоло Кобул аз Исломобод хостааст, ки Мулло Абдулғанӣ Бародарро аз зиндон раҳо кунад, зеро вай хостори музокироти сулҳ аст.
XS
SM
MD
LG