Пайвандҳои дастрасӣ

Маршал Ҳусайн Тантовӣ, вазири дифоъ ва раиси Шӯрои олии нерӯҳои мусаллаҳи Миср, аз мақомаш барканор шуд.

Барканории фармондеҳи баландпояи артиш, ки онро сухангӯи Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури Миср аз телевизиони ин кишвар эълон кард, чанд рӯз пас аз он сурат мегирад, ки раиси идораи ҷосусии Миср, раиси вилоят ва раиси идораи ҷосусии вилояти шимолии Синоро аз мақомҳояшон барканор карда буд.

Ин иқдом пас аз он сурат гирифта буд, ки афроди мусаллаҳ бо ҳамла ба минтақаи сарҳадӣ миёни Миср ва Исроил дар вилояти шимолии Сино, 16 сарбози мисриро куштанд ва 7 нафарро захмӣ карданд.

Ҳамлаварон пас аз он худравҳои зиреҳии вобаста ба марзбонони Мисрро соҳиб шуда ва қасди анҷоми амалиёт дар хоки Исроилро доштанд, ки бар асари муқобилаи нерӯҳои низомии Исроил, амалиёташон ноком монд.

Бино ба иттилои телевизиони давлатии Миср, Муҳаммад Мурсӣ сарлашкар Абдулфаттоҳ Ас-Сийсиро ба унвони вазири дифоъ ва фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ мансуб кард.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки Муҳаммад Мурсӣ шахсеро барои раёсати Шӯрои олии нерӯҳои мусаллаҳ интихоб накардааст, ба назар мерасад қасд дорад бар асоси Қонуни асосии пешин амал кунад, ки дар он раисиҷумҳур фармондеҳи олии нерӯҳои мусаллаҳ аст.

Раиси ҷумҳури Миср Муҳаммад Ҳусайн Тантовиро ба унвони мушовири худ баргузид. Тантовӣ аз 21-сол пеш раиси Шӯрои олии нерӯҳои мусаллаҳ ва вазири дифои Миср буд.

Як узви Шӯрои олии нерӯҳои мусаллаҳ дар бораи ин тасмими Мурсӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки раиси ҷумҳури Миср дар бораи барканорӣ ва интихобҳои ахир, бо шахси Тантовӣ ва аъзои дигари Шӯрои олии нерӯҳои мусаллаҳ, машварат кардааст.

Шӯрои олии нерӯҳои мусаллаҳ пас аз сарнагунии низоми Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури пешин, идораи муваққати Мисрро бар ӯҳда гирифт.
XS
SM
MD
LG