Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон дар пешорӯи буҳрони нави кобина


Омурбек Бобанов

Омурбек Бобанов

Интизор меравад, "Ота Макон" ва "Ор-Номус" - 2 фирқа аз 5 фирқаи парлумони Қирғизистон имрӯз дар нишастҳои худ мавзӯъи нобоварӣ ба кобинаи сарвазир Омурбек Бобановро матраҳ кунанд. Ҳукумати Қирғизистон бахусус баъди бо иттиҳоми ришвахоҳӣ боздошт шудани вазири рушди иҷтимоӣ Равшанбек Собиров дар моҳи июн таҳти фишори бештар қарор гирифт. Ин танҳо вазири тоҷик дар ҳукумати Бобанов феълан дар ҳабси хонагӣ қарор дорад ва иттиҳоми алайҳаш эълоншударо радд мекунад.
XS
SM
MD
LG