Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 20 ҷангии Боко Ҳарам дар як амалиёт


Ба гуфтаи мақомот, нирӯҳои амниятии Нигерия дирӯз дар амалиёт алайҳи як пойгоҳи гурӯҳи мазҳабии Боко Ҳарам дар шимолушарқи ин кишвари африқоӣ 20 ҷангиро куштаанд. Дар ин даргирӣ дар Майдугурӣ- маркази давлати эълонкардаи Боко Ҳарам – як сарбоз низ ҷон бохтааст. Боко Ҳарам як гурӯҳи шабеҳи Толибон аст, ки ба хотири сохтани давлати исломӣ дар Нигерия меҷангад. Нигерия беш аз 160 миллион ҷамъият дорад, ки нисфаш мусалмону нисфаш масеҳист.
XS
SM
MD
LG