Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти пинҳонии Кобул бо Мулло Бародар


Бино ба хабарҳо, мақомоти Афғонистон бо як фармондеҳи дар гузашта аршади Толибон Мулло Абдулғанӣ Бародар, ки дар боздошт қарор дорад, музокироти пинҳонӣ доир кардаанд. Ройтерс аз қавли мушовири амнияти миллии Афғонистон Рангин Спанто овард, ки гуфтааст, ин музокирот ду моҳ пеш дар Покистон доир шудааст. Мулло Бародар ду сол пеш аз сӯи нирӯҳои Амрикову Покистон дар Карочӣ дастгир шуда буд. Вазиир умури дохилаи Покистон Раҳмон Малик низ ин хабарро тасдиқ кард. Бо ин ҳол, бар асари таркиши бомби канори роҳ волии улусволии Алишенги вилояти Лағмон Фаридуллоҳ Ниёзӣ, муҳофизи ӯ ва раҳбари як қабила кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG