Пайвандҳои дастрасӣ

Мурсӣ: "Рафтани Тантовӣ ба фоидаи миллат аст"


Раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ гуфт, иқдоми ӯ ба барканории ду генерали аршад ба “фоидаи миллат” буд. Мурсӣ дар пайи барканории фармондеҳи қудратманди нирӯҳои мусаллаҳ маршалл Муҳаммадҳусейн Тантовӣ ва фармондеҳи ситоди артиш Самӣ Аннон бо тавсиф аз нирӯҳои мусаллаҳ гуфт, ки онҳо бояд акнун “рӯи вазифаи муқаддаси дифоъ аз кишвар” тамаркуз кунанд. Эъломияи конститутсионие, ки коҳиши салоҳиятҳои раисиҷумҳурро ба ҳадаф дошт, низ лағв шудааст. Тантовӣ баъди истеъфои раисиҷумҳури вақт Ҳуснӣ Муборак дар натиҷаи эътирозҳои соли гузашта ҳокими муваққати Миср буд. Мурсӣ, ки дар интихоботи моҳи июн ғолиб омад, узви Ихвонулмуслимин аст. Равобити байни ин гурӯҳ ва низомиҳо аз замони суқути давлати Муборак танишолуда буд.
XS
SM
MD
LG