Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурсӣ дар бораи истеъфои Тантавӣ амр содир кард


Муҳаммад Мурсӣ
Муҳаммад Мурсӣ
Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури Миср, дар бораи истеъфои вазири дифоъ, раиси пешини Шӯрои олии низомии кишвар фелдмаршал Ҳусейн Тантавӣ ва раиси Ситоди кулли артиш Самӣ Энон амр содир каод. Баъд аз суқути раисиҷумҳури пешин Ҳуснӣ Муборак ин ду низомии воломақом раҳбарии Мисрро бар ӯҳда доштанд.

Муҳаммад Мурсӣ ҳардуи онҳоро мушовири раисиҷумҳур таъин кард.

Ҳамзамон раҳбари Миср тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосиро, ки ваколатҳои ӯро маҳдуд кардаанд, лағв намуд.

Муҳаммад Мурсӣ, ки моҳи июл раисиҷумҳури Миср интихоб шуд, намояндаи ҳаракати "Ихвон-ул-муслимин" маҳсуб мешавад, ки пайваста бо низомиёни мисрӣ вориди таниш аст.

Ба навиштаи хабаргузориҳои ғарбӣ, алҳол вокуниши фелдмаршал Тантавӣ ба истеъфояш маълум нест.
XS
SM
MD
LG