Пайвандҳои дастрасӣ

То 1-уми сентябри соли равон тамоми шӯъбаҳои тандурустии шаҳру навоҳии Тоҷикистон барҳам дода мешаванд.

Фотима Ғоибова, сухангӯи вазорати тандурустӣ бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, тағйироти мазкур бар асоси пешниҳоди ҳукуматҳои маҳалҳо ва бо фармони раисиҷумҳур аз 11-уми июл сурат мегирад. Вай илова кард, "ба хотири иҷрои супориши ҳукумати Тоҷикистон, ки бояд 15 дарсади хизматчиёни давлатӣ дар кишвар кам карда шаванд, дар ноҳияҳо ба хулоса расиданд, ки шӯъбаҳои тандурустиро барҳам зананд."

Бино ба иттилои расмӣ, шӯъбаҳои тандурустии шаҳру навоҳӣ соли 2009-ум бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хотири ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои тандурустӣ бо ҳукумати марказӣ ва амалӣ кардани барномаҳои мухталиф барои беҳбуди соҳаи тандурустӣ дар кишвар пиёда шуда буданд. Дар шаҳрҳо 5 ва дар навоҳӣ се нафар дар ин шӯъбаҳо кор мекарданд.

Як ҳамсӯҳбати мо дар мақомоти масъули ҳукуматӣ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, шӯъбаҳои тандурустӣ амалан, ба истилоҳ, ба як "ангушти зиёдатӣ" табдил ёфта ва натавонистанд ин интизориро, ки масалан, ба шӯъбаҳои маориф ҳамвазн шаванд, бароварда кунанд. Вай афзуд, онҳо фақат сафи маошхӯронро афзуданд.



Дар ҳамин ҳол, Абдулатиф Нозимов, сардори шӯъбаи тандурустии шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, бо 27 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи тандурустӣ намедонад пас аз 1-уми сентбяр чӣ кор хоҳад кард. Аз нигоҳи ӯ ин тағйирот то ҷое ниҳоӣ андешида нашудааст. Вай афзуд, "марҳилаҳои вазнине, ки домана буду дигар маризиҳои сироятӣ, маҳз шӯъбаҳои тандурустӣ кор медоданд. Масалан, мо 65 поликлинаи зертобеъ доштем. Аз як нафар мешуд пурсид, ки вазъ чӣ тавр аст. Аҳолии шаҳри Кӯлоб 210 ҳазор нафар аст. Масалан, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва дигар шаҳрҳо беморхонаи марказӣ доранд, аммо Кӯлоб надорад. Беморхонаи касалиҳои сироятӣ, ёрии таъҷилӣ дорад, аммо беморхонаи марказӣ на. Дигар кадом масъалаи ҳамоҳангсозиро бо ҳукуматҳои вилояту ҷумҳурӣ ба зимма хоҳад дошт?"

Дигар ҳамсӯҳбатони мо мо ҳам бо Абдулатиф Нозимов ҳамфикранд, зеро то пайдоиши шӯъбаҳои тандурустӣ вазифаи онҳоро сардухтурони шаҳру навоҳӣ ба зимма доштанд. Ба қавли онҳо, ҳоло муайян нашудааст, ки пас аз 1-уми сентябр масъулияти вазъи тандурустии як ноҳия, ё шаҳр ба зиммаи кӣ хоҳад буд. Коршиносон мегӯянд, вазъи тандурустиро дар Тоҷикистон набояд содда гирифт, зеро густариши маризиҳо нав ба нав ва афзудани теъдоди маризон ва ҳам реша давондани фасод дар соҳа назорат ва ҳамоҳангсозии бештарро тақозо мекунад.

Даврон Мадаминов, ҷонишини сардори раёсати тандурустии Суғд мегӯяд, барои таҷриба бояд се марҳилаи қаблии ба зиммаи сатҳҳои гуногун афтодани соҳа дар Тоҷикистон омӯхта шавад, яъне ин масъулият ба ӯҳдаи сардухтур бошад, ё сарвари поликлиника ва ё шӯъбаи тандурустӣ: "Ин се марҳиларо бояд омӯзем, ки кадоме беҳтар буд. Зеро мақсад содда, хушсифат кардани соҳа, баланд бурдани сатҳи саломатии мардум ва рушд додани соҳа аст. Дар тамоми кишвар ин ҳамаро омӯхта, пас хулоса бароварда, якеро интихоб кардан зарур аст."

Ҳамсӯҳбатони дигари мо ба зиммаи муовини раиси ноҳия ё шаҳр, ки соҳаро назорат мекунад ва ё як намояндаи вижаи ҳукумат вогузор кардани соҳаро низ салоҳ медонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG