Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни тирпарронӣ дар постгоҳ ба 2 нафар расид


Дар бемористони шаҳри Хоруғ як мусофири дигари мошини сабукраве, ки рӯзи ҷумъа дар як постгоҳи ҳукуматӣ тирборон шуда буд, аз олам даргузашт. Дар раёсати умури дохилии вилояти Бадахшон ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтанд, ки қурбонии дуюми ҳодиса дар гумруки вилоят кор мекард. Як манбаи маҳаллӣ ҳаи ин хабарро тайид кард ва гуфт, ки Рашид Мастибеков 25 сол дошт ва соли гузашта издивоҷ карда буд.

Ба иттилои расмӣ, рӯзи 10 август ронандаи як худрав дар постгоҳи канори шаҳри Хоруғ талаби низомиён барои манъи мошинро нодида гирифт. Баъд аз ҳушдор низомиён сӯи мошин оташ кушоданд, ки бар асари ин як кас кушта ва се нафар, аз ҷумла, як зан, маҷрӯҳ шуданд.

Ин ҳодиса боиси эътирози ҷавонони шаҳри Хоруғ шуд. Онҳо рӯзи шанбе дар канори шаҳрдорӣ ҷамъ омада хостори муҷозоти гунаҳкорони ҳодиса шуданд. Як манбаъ дар мақомоти ҳукуматӣ дар Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, ба эътирозгарон ваъда дода шуд, ки гурӯҳи вижаи тафтишотӣ ин қазияро таҳқиқ ва дар чаҳорчӯби қонун ҳал мекунад
XS
SM
MD
LG