Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обхезӣ дар Филиппин боиси ҳалокати 85 нафар шуд


Бар асари обхезиву ярч дар Филиппин 85 нафар ҷон бохтанд. Сарнавишти 8 нафари ғайбзада маълум нест. Ба иттилои манбаъҳои ҳукуматӣ, 62 нафар ғарқ шуданд, 12 кас зери ярч монданд, 11тани дигар ба асари зарбаи нерӯи барқ, маризии дил, аз раъду барқ ва афтидани дарахтҳо ба ҳалокат расиданд.

Тақрибан 800 ҳазор сокинони манотиқи офатзада барои тарки манзилҳои худ маҷбур шуданд. Тақрибан нисфи онҳо ба қароргоҳҳои муваққатӣ дар пойтахт - шаҳри Манила ва дигар вилоятҳо интиқол ёфтанд.

Дар Филиппин обхезиҳо зиёд рӯй медиҳанд. Соли 2009 тӯфон дар шаҳри Манила мунҷар ба ҳалокати беш аз 500 нафар шуда буд.
XS
SM
MD
LG