Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти вазирони Ҷомеъаи кишварҳои араб ба таъхир уфтод


Даргириҳо дар Ҳалаб идома доранд
Даргириҳо дар Ҳалаб идома доранд
Нишасти вазирони умури хориҷии Ҷомеаи кишварҳои араб, ки бояд дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони саудӣ доир мегашт, мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора ба хабарнигорон муовини Дабири кулли Ҷомеъаи кишварҳои араб Аҳмад бини Ҳеллӣ хабар дод. Сабаби ба таъхир уфтодани нишаст маълум нест. Санаи нави баргузории нишаст ҳам эълон нашудааст.

Қарор буд, ки вазирони умури хориҷӣ авзоъ дар Сурия ва номзади фиристодаи нав дар умури Сурия баъд аз истеъфои Кофӣ Аннонро баррасӣ кунанд. Аввали моҳ Кофӣ Анон эълом дошт, ки мақоми фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи кишварҳои араб дар умури Сурияро тарк мекунад.

Имрӯз даргириҳо миёни нерӯҳои вафодор ба Башор Асад ва мухолифини мусаллаҳ дар шаҳрҳои Димишқ ва Ҳалаб идома карданд. Дар изҳороти Артиши озоди Сурия гуфта шудааст, ки шаби гузашта нерӯҳои ҳукуматӣ даҳ нафари ахиран дар шаҳри Ҳумс дастгиршударо тирборон карданд. Сарнавишти 350 ҷавони дигари дар он ҷо боздоштшуда рӯшан нест.
XS
SM
MD
LG