Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш мунҷар ба ҳалокати раҳбари маҳаллии Лағмон шуд


Бар асари таркиш дар вилояти Лағмон, воқеъ дар шарқи Афғонистон, се нафар, аз ҷумла, раиси яке аз волусволиҳо Фаридуллоҳ Ниёзӣ, ҷон бохтанд.

Мошини Ниёзӣ дар ҳоле ба мина бархӯрд, ки ӯ ҳамроҳ бо се нафари дигар ба дафтари кор мерафт. Дар таркиш муҳофизи Ниёзӣ ва яке аз сарони қабилаҳо низ ба ҳалокат расиданд, як нафар аз ҳамсафарони онҳо маҷрӯҳ шуд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе бар ӯҳда нагирифтааст. Ҷангҷӯёни маҳаллӣ аз ин пеш ҳам ба ҷони Фаридуллоҳ Ниёзӣ сӯиқасд карда буданд.

Дар волусволии Дилороми вилояти Нимрӯз, воқеъ дар ғарби Афғонистон, 11 корманди полис аз дасти ҳамкори худ кушта шуданд. Ба иттилои пешакии мақомоти тафтишотӣ, онҳо ҳадафи тири ҷосуси ҷунбиши “Толибон” қарор гирифтанд,
XS
SM
MD
LG