Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Искандари Рустам низ аз Лондон бе медал бармегардад


Искандари Рустам

Искандари Рустам

Искандари Рустам, варзишгари тоҷик, дар сабқати гуштии озод дар Олимпиадаи Лондон дар нахустин қувваозмоияш ноком шуд.

Имрӯз, 12-уми август, охирин варзишгари Тоҷикистон дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон Искандари Рустами 20-сола дар риштаи гуштии озод дар вазни то 96 кг дар 1/8 финал бо Валерий Андритсеви 25-сола аз Украина қувваозмоӣ кард ва бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Гуштигири Украина ба чорякфинал баромад, вале баъдан Искандар дар мубориза барои медали биринҷӣ аз Хитат Газюмов (Озарбойҷон) бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд.

Инчунин имрӯз дар рӯзи охирини Олимпиадаи Лондон намояндаи Тоҷикистон Зелимхон Юсуфови 28-сола дар риштаи гуштии озод дар вазни то 66 кило дар даври муқаддамотӣ бар Алан Гогаеви 22-сола аз Русия бо ҳисоби 3:0 пирӯзӣ ба даст овард ва ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт. Вале Зелимхон дар 1/8 финал аз Ҳаислан Веранес Гарсияи 29-сола аз Канада бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум гашт. Гуштигири Канада ба чорякфинал баромад.

Ба ин тартиб, ҳамаи 16 варзишгари Тоҷикистон сабқатро дар Олимпиадаи Лондон ба анҷом расониданд. Танҳо як нафар – муштзан Мавзуна Чориева ба Тоҷикистон медали олимпӣ овард. Вай дар сабқати бокси занона дар вазни то 60 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Понздаҳ варзишгари Тоҷикистон - тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, дзюдочиён Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, шиновар Катерина Измайлова, гурзандоз Дилшод Назаров, даванда Владислава Овчаренко, таэквондочиён Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов, гуштигирони тарзи озод Николай Ноев, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Искандари Рустам аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG