Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти боз як варзишгари тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ


То имрӯз фақат Мавзуна Чориева соҳиби медали олимпӣ шудааст
То имрӯз фақат Мавзуна Чориева соҳиби медали олимпӣ шудааст
Дар охирин рӯзи Бозиҳои олимпии Лондон варзишгар аз Тоҷикистон Зелимхон Юсуфови 28-сола дар риштаи гуштии озод дар вазни то 66 кило дар даври муқаддамотӣ бар Алан Гогаеви 22-сола аз Русия бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд,аммо дар даври ҳаштякниҳоӣ аз Ҳаислан Веранес Гарсияи 29-сола аз Канада бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум монд. .

Инчунин имрӯз соати 13:33 ба вақти Душанбе охирин варзишгари Тоҷикистон Искандари Рустами 20-сола дар риштаи гуштии озод дар вазни то 96 кг дар 1/8 финал бо Валерий Андритсеви 25-сола аз Украина қувваозмоӣ мекунад.

То ҳоло 15 варзишгари Тоҷикистон сабқатро дар Олимпиадаи Лондон ба анҷом расониданд. Танҳо як нафар – муштзан Мавзуна Чориева ба Тоҷикистон медали олимпӣ овардааст. Вай дар сабқати бокси занона дар вазни то 60 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд.
XS
SM
MD
LG