Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷомеъаи кишварҳои араб вазъи Сурияро баррасӣ мекунад


Вазирони умури хориҷии Ҷомеаи кишварҳои араб имрӯз дар нишасте дар Арабистони саудӣ авзоъ дар Сурия ва номзади фиристодаи нав дар умури Сурия баъд аз истеъфои Кофӣ Аннонро баррасӣ мекунанд. Аввали моҳ Кофӣ Анон эълом дошт, ки мақоми фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи кишварҳои араб дар умури Сурияро тарк мекунад.

Дар арафаи нишаст Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, дар Истамбул изҳор намуд, ки Вошингтону Анқара мехоҳанд амалиёти тарҳрезишудаи кӯмак ба ошӯбгарон дар Сурияро густариш диҳанд. Ӯ баъд аз анҷоми музокирот бо ҳамтои туркаш Аҳмад Довудоғлу хабар дод, ки аз ҷумла, мавзӯъи ташкили ҳарими ҳавоии барои парвози ҳавопаймоҳо мамнӯъ дар қаламрави таҳти назорати ошӯбгарони суриягӣ баррасӣ мешавад.

Рӯзи шанбе нерӯҳои ҳукуматии Сурия тирборони маҳаллаҳои алоҳидаи шаҳри Ҳалабро идома доданд. Ҳамчунин дар бораи тирпарронӣ ва ду таркиш дар пойтахт, шаҳри Димишқ, хабар расид.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, шабонарӯзи гузашта бар асари даргириҳо дар кишвар 20 сокини осоишта, 9 низомии ҳукуматӣ ва 10 ошубгар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG