Пайвандҳои дастрасӣ

Зелимхон Юсуфов, варзишгари Тоҷикистон, дар сабқати гуштии озод дар Олимпиадаи Лондон дар 1/8 финал ноком шуд.

Имрӯз, 12-уми август, дар рӯзи охирини Олимпиадаи Лондон намояндаи Тоҷикистон Зелимхон Юсуфови 28-сола дар риштаи гуштии озод дар вазни то 66 кило дар даври муқаддамотӣ бар Алан Гогаеви 22-сола аз Русия бо ҳисоби 3:0 пирӯзӣ ба даст овард ва ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт. Вале Зелимхон дар 1/8 финал аз Ҳаислан Веранес Гарсияи 29-сола аз Канада бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум гашт. Гуштигири Канада ба чорякфинал баромад.

Инчунин имрӯз соати 13:33 ба вақти Душанбе охирин варзишгари Тоҷикистон Искандари Рустами 20-сола дар риштаи гуштии озод дар вазни то 96 кг дар 1/8 финал бо Валерий Андритсеви 25-сола аз Украина қувваозмоӣ мекунад.

То ҳоло 15 варзишгари Тоҷикистон сабқатро дар Олимпиадаи Лондон ба анҷом расониданд. Танҳо як нафар – муштзан Мавзуна Чориева ба Тоҷикистон медали олимпӣ овардааст. Вай дар сабқати бокси занона дар вазни то 60 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Чордаҳ варзишгари Тоҷикистон - тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, дзюдочиён Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, шиновар Катерина Измайлова, гурзандоз Дилшод Назаров, даванда Владислава Овчаренко, таэквондочиён Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов, гуштигирони тарзи озод Николай Ноев, Юсуф Абдусаломов ва Зелимхон Юсуфов аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG