Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 250 нафар дар заминларзаҳо дар Эрон


Теъдоди қурбониёни заминларзаҳо дар Эрон ба 250 нафар расид. Дасти кам 1800 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Бар пояи иттилои ахир, нерӯи ду заминларза, ки рӯзи шанбе дар канори шаҳри Табрез, воқеъ дар шимолу ғарби кишвар, рӯх дод, 6.4 ва 6.3 дараҷаи Рихтер буд.

Мақомоти бахши изтирории Эрон мегӯянд, ки теъдоди қурбониён шояд афзоиш ёбад – зери харобаҳо, ба вижа, дар деҳот, одамони зиёде боқӣ мондаанд. Ин дар ҳолест, ки робита бо бархе аз деҳаҳо қатъ шудааст.

Шаби гузаштаро ҳазорон нафар дар кӯча рӯз карданд. Амалиёти наҷотбахшӣ субҳи якшанбе аз сар гирифта шуд.

Дафтари раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба хонаводаҳои қурбониёни офати табиӣ ҳамдардӣ изҳор кард.

Моҳи декабри соли 2003 заминларзаи мудҳиш дар шаҳри бостонии Бам, воқеъ дар ҷанубу шарқи Эрон, мунҷар ба ҳалокати 25 ҳазор нафар шуда буд.
XS
SM
MD
LG