Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: Кӯмак ба ошубгарони суриягӣ густариш меёбад


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, изҳор намуд, ки Вошингтону Анқара мехоҳанд амалиёти тарҳрезишудаи кӯмак ба ошубгарон дар Сурияро густариш диҳанд. Ӯ баъд аз анҷоми музокирот бо ҳамтои туркаш Аҳмад Довудоғлу дар Истамбул хабар дод, ки, аз ҷумла, мавзӯъи ташкили ҳарими ҳавоии барои парвози ҳавопаймоҳо мамнӯъ дар қаламрави таҳти назорати ошӯбгарони суриягӣ баррасӣ мешавад.

Вазири умури хориҷии Амрико афзуд, ки вазифаи стратегии ИМА ва Туркия – хатми хушунат дар Сурия ва наздиктар кардани суқути режими Башор Асад аст. Хонум Клинтон таъкид намуд, ки Сурия набояд паноҳгоҳе барои мусаллаҳони ҷудоихоҳи курди мустақар дар Туркия гардад.

Аҳмад Довудоғлу, дар навбати худ, аз ҷомеъаи байнулмилалӣ даъват кард, дар ҳалли бӯҳрони башарӣ дар шаҳрҳои Сурия, ки мавриди бомбборону гулулаборони нерӯҳои вафодор ба Башор Асад қарор гирифтаанд, фаъолтар саҳм бигиранд.
XS
SM
MD
LG