Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ромнӣ Пол Райанро нойиби худ эълон кард


Митт Ромнӣ
Митт Ромнӣ
Митт Ромнӣ, номзад ба мақоми раисиҷумҳури ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон, эълом дошт, ки узви Маҷлиси намояндагон аз аёлати Висконсин Пол Райанро ба ҳайси нойиби худ пазируфтааст. Изҳороти Ромнӣ дар як маросим дар шаҳри Норфолки аёлати Вирҷиния пахш шуд. Дар сурати пирӯзии Ромнӣ ар интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА Пол Райан курсии нойби раисиҷумҳур ишғол хоҳад кард.

Митт Ромнӣ сафари чаҳоррӯзаи таблиғотяшро аз Вирҷиния шурӯъ кард. Қарор аст, ки ӯ савори автобус ба аёлатҳои Каролинаи шимолӣ, Флорида ва Огайо равад ва дар он ҷо бо рақибаш раисиҷумҳури феълӣ Барак Обама вориди баҳсшавад.

Анҷумани Ҳизби ҷумҳурихоҳон, ки дар он Митт Ромнӣ расман чун номзад дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ пазируфта мешавад, аз 27 то 30 август дар аёлати Флорида доир хоҳад шуд.

Интихоботи президентии ИМА рӯзи 6 ноябри соли равон баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG