Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алишер Гулов ҳам дар Лондон шикаст хӯрд


Алишер Гулов, варзишгари тоҷик
Алишер Гулов, варзишгари тоҷик

Алишер Гулов, варзишгари тоҷик, дар Олимпиадаи Лондон дар сабқати таэквондо дар вазни +80 кг дар 1/8 финал шикаст хӯрд.

Имрӯз, 11-уми август Алишер Гулови 22-сола, ки барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ дар риштаи таэквондо ширкат варзид, дар вазни беш аз 80 кг дар ҳаштякфинал бо варзишгари итолиёвӣ Карло Молфеттаи 28-сола, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо-2012, қувваозмоӣ кард.

Дар ин рақобат Молфетта бо ҳисоби 7:3 (2:1, 0:1, 5:1) пирӯз шуд ва ба чорякфинал баромад. Вале Гулов аз идомаи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум гашт.

То ҳоло 13 варзишгари Тоҷикистон сабқатро дар Олимпиадаи Лондон ба анҷом расониданд. Танҳо як нафар – муштзан Мавзуна Чориева ба Тоҷикистон медали олимпӣ овардааст. Мавзуна дар сабқати бокси занона дар вазни то 60 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Дувоздаҳ варзишгари Тоҷикистон - тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, дзюдочиён Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, шиновар Катерина Измайлова, гурзандоз Дилшод Назаров, даванда Владислава Овчаренко, таэквондочиён Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов, гуштигири тарзи озод Николай Ноев аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Боз се намояндаи Тоҷикистон дар риштаи гуштии озод қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Инчунин имрӯз соати 17:18 ба вақти Душанбе Юсуф Абдусаломови 34-сола, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин, дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кило дар даври муқаддамотӣ бо Ҳоҷимурод Нурмагомедови 25-сола аз Арманистон рақобат мекунад.

Ду гуштигири дигари тоҷик - Зелимхон Юсуфов дар вазни то 66 кило ва Искандари Рустам дар вазни то 96 кг дар мусобиқаи гуштии озод дар рӯзи охирини Олимпиадаи Лондон - 12-уми август ширкат меварзанд.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:

11-уми август
Гуштии озод. 17.18. Юсуф Абдусаломов (то 84 кг, 1/8 финал).

12-уми август
Гуштии озод. 13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).

Эзоҳ: Замони оғози мусобиқот ба вақти Душанбе аст.
XS
SM
MD
LG