Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши теъдоди қурбониёни обхезӣ дар Филиппин


Теъдоди қурбониёни обхезӣ дар Филиппин то 66 нафар афзоиш ёфт. Ба иттилои расмӣ, нӯҳ нафар то ҳол беному нишонанд ва ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.

Бар асари обхезӣ, ки паёмади боронҳои шадиди рӯзҳои ахир аст, беш аз 750 ҳазор нафар маҷбур шуданд то манзилҳояшонро тарк намоянд. 440 ҳазор нафар дар қароргоҳҳои муваққат ҷойгир шудаанд.

Хадамоти беҳдошти Филиппин хабар дод, ки дар қароргоҳҳо тақрибан ду ҳазор нафар ба маризии диққи нафас гирифторанд. Кормандони созмонҳои башарӣ ба осебдидагон дар офати табиӣ кӯмак мекунанд.
XS
SM
MD
LG