Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Куштори боз се низомии амрикоӣ дар Ҳилманд


Дар вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, се сарбози амрикоӣ аз пойгоҳи Гармсер кушта шуданд. Ҳамлагар – афғоне буд, ки дар ин пойгоҳи низомӣ кор мекард ва аммо дар тан либоси ҳарбӣ надошт.Алҳол маълум нест, ки аз ӯ аз куҷо силоҳ дарёфт кардааст.

Куштори сарбозони амрикоӣ шаби гузашта дар наздикиҳои минтақае ба вуқӯъ пайваст, ки шоми панҷшанбе аз сӯи корманди полиси афғону дӯстонаш се низомии амрикоӣ ҳадафи тир қарор гирифта буданд.

Генерал Гюнтер Катс, намояндаи нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон, изҳор намуд, ки ҳодисаҳои ахир – баёнгари вазъи воқеъӣ дар Афғонистон нест ва ин гуна ҳаводис бар асари низои шахсӣ ваё афсурдагӣ рӯх медиҳанд. .

Ба иттилои НАТО, аз аввалҳои сол 26 ҳамлаи ҳамсон ба сарбозони хориҷӣ сурат гирифтааст, ки дар онҳо 34 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG