Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Обама аз ширкати занони мусалмон дар Олимпиада


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, бонувони варзишгар аз кишварҳои мусалмониро барои аввалин ширкаташон дар Бозиҳои олимпии Лондон табрик гуфт.

Дар як маҳфил дар Кохи Сафед бахшида ба моҳи муқаддаси Рамазон, Обама изҳор намуд, ки бори аввал дар таърихи Бозиҳои олимпӣ занон ба ҳайати ҳама дастаҳо шомил буданд, зеро бештари кишварҳои мусалмонӣ бонувони варзишгарро ба Олимпиада фиристоданд. “Мо бояд аз ин истиқбол кунем”, изҳор намуд сарвари ИМА.

Дар Бозиҳои олимпии Лондон бори аввал занони варзишгар аз Арабистони саудӣ, Қатар ва Брунея ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG