Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон дар Туркия масоили Сурияро матраҳ мекунад


Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, имрӯз вориди Туркия шуд. Қарор аст, ӯ бо мақомоти ин кишвар бӯҳрон дар Сурияи ҳамсояро баррасӣ кунад ва бо намояндагони мухолифини Димишқ, ки дар Туркия ба сар мебаранд, мулоқот орояд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар меҳвари ин дидору гуфтугӯҳо масоили марбут ба омодагиҳо дар давраи гузариш дар Сурия баъд аз суқути режими Башор Асад қарор хоҳад дошт.

Ба иттилои СММ, рӯзҳои ахир теъдоди фирориён, ба хусус аз Ҳалаб, бузургтарин шаҳри Сурия, афзоиш ёфтааст. Дар қаламрави Туркия айни ҳол беш аз 50 ҳазор паноҳандагони суриягӣ мустақаранд.
XS
SM
MD
LG