Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Либия генерал Ал-Файтурӣ кушта шуд


Дар Либия генерали артиш Муҳаммад Ҳодия ал-Файтурӣ кушта шуд. Ӯ нахустин фармондеҳе буд, ки ба ҷониби ошӯбгарони даргир бо нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ гузашт. Дар ҳукумати нави Либия генерал Ал-Файтурӣ раёсати хадамоти таъмин бо аслиҳаи вазорати дифоъро бар ӯҳда дошт.

Генерал рӯзи ҷумъа дар шаҳри Бегғозӣ баъд аз берун шудан аз масҷид ҳадафи тир қарор гирифт. Тафтиши ангезаи куштор шурӯъ шудааст.

Дар шарқи Либия, ки захираи бузурги нафт маҳфуз аст, моҳҳои ахир ҳамлаву кушторҳо афзоиш ёфтаанд. Бархе аз гурӯҳҳои маҳаллӣ иддао доранд, ки бояд аз мустақилияти бештар бархурдор бошанд.
XS
SM
MD
LG