Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар бозори «Варзоб»-и пойтахт


Субҳи имрӯз дар бозори «Варзоб», воқеъ дар маҳаллаи «Водонасос» - и Душанбе сӯхтор ба амал омадааст.

Давлат Ҳабибов, сарвари бозор ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳудуди 20 нуқтаи савдо воқеъ дар бинои маркази тиҷоратии бозор ба коми оташ рафтаанд.

Вай афзуд, дар ин нуктаҳои маводи ғизоӣ, сарулибос ва доруҳои табобатӣ фурӯхта мешуданд. Ба тахминҳои пешакӣ, сӯхтор дар пайи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ рух додааст.

Дар бораи ҳаҷми хисорот Давлат Ҳабибов иттилоъ дақиқе наовард, аммо Шамсия як тоҷир, ки тамоми амволаш ба коми оташ рафтааст, мегӯяд, танҳо дар як нуктаи фурӯши ӯ ҳудуди 20 ҳазор доллар мол вуҷуд дошт. Бақия тоҷирон ҳам дар сӯҳбат бо «Озодӣ» хисороташонро аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ кам ҳисоб накарданд.

Давлат Ҳабибов дар мавриди ҷуброни зиёни тоҷирон танҳо гуфт, ки пас аз муайян кардани ҳаҷми хисорот ва хулосаи комиссияи хадамоти оташфишонӣ, сари масъала хоҳанд баргашт.

Ин аввалин сӯхтор тайи солҳои ахир дар бозорҳои Душанбе нест. Дар гузашта дар бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат», «Корвон» ва ғайра низ сӯхтор ба амал омада буд. Далоили сӯхторро дар бозорҳо ҳамчунин ба рақобати миёни тоҷирон рабт медиҳанд, аммо то ба ҳол касе аз тоҷирон таъйид накардааст, ки хисороти онҳо ҷуброн шуда бошад.










XS
SM
MD
LG