Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус халабонҳои шведро ба бозҷӯӣ даъват кард


Яке аз хирсакҳое, ки бо чатр аз осмон ба Беларус фаромад
Яке аз хирсакҳое, ки бо чатр аз осмон ба Беларус фаромад
Кумитаи амнияти давлатии Беларус аз халабонҳои швед даъват кард, барои бозҷӯӣ ба ин кишвар биоянд. Ин халабонҳо моҳи гузашта вориди ҳарими ҳавоии Беларус шуда, ба нишони ҳимоят аз дигарандешон шабномаҳо ва хирсакҳо паҳн карданд. Дар иртикоби ин қазия дастикам 2 нафарро боздошту ҷарима ва чанд мақоми марзбониро барканор кардаанд. Кумитаи амният бо ваъдаи тазмини ҳуқуқи халабонҳо дар сурати ҳозир шудани онҳо ба бозҷӯӣ гуфт, халабонҳо метавонанд баъзе паҳлуҳои қазия, аз ҷумла даст доштани афроде дар дохил дар таҳия ва партофтани хирсакҳо дар осмони Беларусро рӯшан кунанд.
XS
SM
MD
LG