Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми Лутсенко 17 август эълон хоҳад шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Додгоҳи ноҳияи Печораи Киев гуфт, ҳукми вазири собиқи умури дохилаи Украина Юрий Лутсенкоро рӯзи 17 август эълон хоҳад кард. Додситонҳо рӯзи ҷумъа аз додгоҳ барои Лутсенко 2,5 сол ҳукми зиндон хостанд. Лутсенко моҳи феврал бо ҷурми сӯъиистифода аз мақом ба 4 соли зиндон маҳкум шуда буд ва ин додгоҳи дувуми зидди ӯст. Ӯ ин бор ба судури амри назорати ғайриқонунии афроди гумонбар дар заҳролуд кардани раисиҷумҳури собиқ Виктор Юшенко айбдор мешавад. Лутсенко иттиҳомотро радд мекунад ва қазияашро сиёсӣ меномад.
Моҳи июл, Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар ҳукм кард, ки Киев Лутсенкоро ғайриқонунӣ боздошт кардаанд ва бояд ба ӯ 15 000 евро ҷуброн пардохт кунад.
XS
SM
MD
LG